Борони рӯзи гузашта. Селҳо дар чанд минтақаи кишвар

Бино ба маълумоти шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода рӯзи 30 октябр, соати 20:10 дақиқа бар асари бориши зиёди борон сатҳи оби  канали Мулошодӣ ва Заркамар  баланд гардида, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҷура Раҳмонов ба 7- хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонид.

Корҳои бартарафсозии ҳолати баамаломада идома дорад.

  Шуъбаи Кумита дар шаҳри Роғун аз сел дар деҳаи Саидони ҷамоати деҳоти Сичароғ хабар дод. Гуфта мешавад, ки сел дар ин мавзеъ ба 7- биноҳои истиқомати ва ёрирасон бо ворид кардани лойоба ва сангу шағал зарар расондааст. 

Ҳолати баамаломада бо қувва ва воситаҳои худи деҳа ва кормандони Шуъбаи Кумита дар шаҳри Роғун бартараф карда шуд.

Инчунин дар километри 83-85-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар 5-нуқтаи селфаро сангу шағал ва обу лой фаромада, ҳаракати нақлиётро аз соати 12:40 то 13:30 қатъ намуд. Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада ба ҷои ҳодиса 1-адад техникаи муҳандисӣ аз МНДРА дар шаҳри Роғун сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ идома дорад. Роҳ боз аст ва мошинҳо ба ду самт бе мамониат равуо доранд.

Дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат ва омадани сел, оби канали Чоряккорони ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаҳои Меҳробод ва Обшорони ноҳияи Рӯдакӣ баланд гардида, ба 29-адад хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон зарар расонидааст.

Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ 1-адад техника муҳандисии (Экскаватор) ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бо ёрии аҳолӣ ва имдодгарони Кумита ҳолати баамаломада қисман бартараф гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. 

31 октябри соли 2022 як сокини кӯчаи ба номи Ҷаббор Расулови пойтахт, хонаи 55/5 ба Қисми навбатдории КҲФ занг зад ва хабар дод, ки қубури оби гарми бино хароб шудааст ва таҳхонаи ин бино пур аз об шудааст.

Дастаи имдодагрони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида бо ёрии таҷҳизоти махсус обро берун кашида, ҳолати ба амаломадаро рафъ карданд.

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: