25 октябри соли 2022 дар километри 202 шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош, ки аз қаламрави ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, сел омад. Дар натиҷа ин роҳ муддате баста шуд.
Ба бартараф намудани паёмадҳои ин сел техникаи муҳандисси хадамоти роҳи ноҳия сафарбар карда шуд. Барои сари вақт гузаштани мошинҳо роҳи эҳтиётӣ боз карданд ва ҳаракати мошинҳо ба ду ҷониб таъмин карда шуд. Корҳои рафъи оқибатҳои сел дар қитъаи роҳ ҳамоно идома доранд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳаракати бемамониат ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯши эҳтимолӣ дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагоне, ки соҳибони мошинҳои сияҳшиша мебошанд,муроҷиат мекунад, ки ҳаракати худро маҳдуд кунанд ва талош намоянд танҳо дар равшании рӯз ҳаракат кунанд.
Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷиддан қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳоро риоя намоянд ва суръатро ҳаргиз боло набаранд.