Сели рӯзҳои гузашта дар қаламрави кишвар. Хатари он ҳамоно боқист

Боронҳои шадиди рӯзҳои гузашта боиси омадани селҳо дар баъзе манотиқи кишвар шуданд. Чунончӣ, тибқи маълумоти сардори Бахши Кумита дар ноҳияи Нуробод рӯзи 30-уми октябри соли 2022 соати 12:30 дақиқа дар натиҷаи бориши борон дар километри 94-95-уми шоҳроҳи байналмиллалии Ваҳдат-Рашт-Лахш (мавзеи  Қумоқ) дар ду нуқта селоба фаромада, роҳро баст.

Барои бартараф кардани паёмадҳои ин ҳодиса техникаи МДНРА-и ноҳия  ва як экскаватои  ширкати роҳсозони Оби Гарм-Нуробод сафарбар карда шуда, соати 15:30 дақиқа роҳ пурра аз селоба тоза карда шуд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.

Рӯзи 30-уми октябри соли 2022, соати 22:44 дақиқа ба Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе дар бораи ба манзили истиқоматии як сокини кӯчаи Наврӯзи пойтахт ворид шудани сел хабар расид. 

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита соати 22:50 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, соати 00:24 дақиқа бо таҷҳизоти обкаш ҳолати баамаломадаро бартараф намуданд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари боридани боронҳои зиёди рӯзҳои 30-31 октябри соли 2022 тахминан соати 01:10 дақиқа аз теппаҳо сел ҷорӣ шуда, ба зиёда 40 қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаҳои Меҳробод ва Обшорон зарар расонд, инчунин роҳҳои маҳаллии байнидеҳавиро қисман вайрон кард.

Ҳамзамон сел ба чанд ҳавлии сокинон низ ворид шудааст. Дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ноҳия дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад ва барои бартараф кардани паёмадҳои офат тадбирҳо меандешад.

Ҳаҷми зарари расидаро муайян карда мешавад. Ин сел талафони ҷонӣ надошт. 

барчасп: