Ду сокини кӯчаи ба номи Додо Зокрирови ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф ҳангоми кор дар як бинои хароба зери девори бетонӣ мондаву ба ҳалокат расидаанд. Бино ба хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин ҳодиса рӯзи 31-уми октябри соли равон рух додааст.
Бино ба гузориши манбаъ ин ду нафар, ки яке 43-сола ва дуюмӣ 35 сол доштааст, чун коргари кироя вориди иншооти бекорхобидае, ки ба ҶДММ “Асрор” мансуб будаву дар қаламрави ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом ҷойгир мебошад, ворид шудаанд. Ин бино қаблан корхонаи тавлиди равған будааст.
Ҳангоми вайрон намудани қисмати иншооти ёдшуда, ҳарду зери бетонпораҳо монда, ба ҳалокат расидаанд.
Бо дарёфти хабари мазкур дастаи имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасадҳоро аз зери ғарами бетон берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.
Сабаби ин ҳодиса дақиқ маълум нест. Вале ба эҳтимоли зиёд риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои кор боиси марги онҳо шуда бошад.