Ҳалокати наврас ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар Мингдона

Як сокини  17-солаи деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса рӯзи якуми ноябр тахминан соати 18:40 дақиқа рух додааст ва гуфта мешавад, ки ин писарбача ҳангоми ҷамъоварии ҳезум қоидаҳои бехатариро риоя накардааст ва пояш лағжидаву ба дарёи Зарафшон сарозер шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ аз ҷониби имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дирӯз бенатиҷа анҷом ёфт ва субҳи имрӯз ин ҷустуҷӯҳо аз сар гирифта шуданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамарӯза ба шаҳрвандон муроҷиаи мекунад, ки дар рӯзҳои сарду боронӣ аз рафтани ба кӯҳу пушта, соҳили рӯдхонаҳо ва дашту саҳро худдорӣ намоянд. Вале мутаассифона, на ҳама ба ин тавсияҳои гӯш медиҳанд.

Аз сӯи дигар набояд дар чунин рӯзҳо наврасону ноболиғон танҳо ба ғунучини ҳезум, гиёҳҳо, моҳидорӣ фиристода шаванд. Ин метавонад паёмадҳои ногувор дошта бошад.

барчасп: