Хабарҳои дирӯз ва субҳи имрӯз: Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои мошинҳои сабукрав боз аст

7 ноябри соли 2022 тахминан соати 07:27 дақиқа дар кӯчаи Калтаҳои ҷамоати Оби Гарми Роғун дар натиҷаи боронҳои шадид роҳи аҳамияти маҳаллидошта фурӯ рафта, муддате ҳаракати нақлиётро номумкин кард. Дар айни замон бо боз кардани роҳи иловагӣ ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир шуд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда барои баратараф...

Гирифти Моҳ, ё ҳодисаи Моҳи хунин!

Гирифти Моҳ

Донишманди тоҷик Ризо Баҳромзод аз ҳодисаи хусуф, яъне моҳгирифтагӣ хабар дод, ки имрӯз соати 15:59 дақиқа ба вақти Душанбе иттифоқ меуфтад. Вай дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: Рӯзи 8-уми ноябри 2022 инсонҳо шоҳиди Гирифти Моҳ (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) мешаванд: ҳолате, ки Замин дар байни Офтобу Моҳ қарор мегирад ва сояи Замин ба сатҳи Моҳ афтода, ранги онро сурхчатоб мегардонад.

КҲФ: Хатари офатҳои табиӣ боқӣ мондааст!

Хатари офатҳои табиӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти ҳавошиносон  аз 5 ноябр то 8 ноябри соли 2022 дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ борони шадид меборад ва дар баъзе манотиқ ин борон ба барфи тар табдил мешавад.

Борону барфу селу ярч дар рӯзи гузашта

Борону барфу селу

Рӯзи гузашта низ дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаҳои омадани селҳо резиши сангу рег дар рорҳҳои кӯҳӣ, ярч, баста шудани роҳҳои мошингард дар баъзе минтақаҳо ба қайд гирифта шуд.

Чунончӣ, тахминан соати 09:30 бар асари боронҳои шадид дар километри 37-уми роҳи мошингарди Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки аз тариқи деҳаи Регҳои ноҳияи Ванҷ мегузарад, сел роҳро

Мулоқот бо намояндаи идораи зиддикоррупсионӣ дар КҲФ

4-уми ноябри соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳо дар бораи қонунҳои зиддикоррупсионӣ бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назариён мулоқот баргузор шуд.

Зимни суханронӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

Страницы