Рӯзи гузашта низ дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаҳои омадани селҳо резиши сангу рег дар рорҳҳои кӯҳӣ, ярч, баста шудани роҳҳои мошингард дар баъзе минтақаҳо ба қайд гирифта шуд.
Чунончӣ, тахминан соати 09:30 бар асари боронҳои шадид дар километри 37-уми роҳи мошингарди Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки аз тариқи деҳаи Регҳои ноҳияи Ванҷ мегузарад, сел роҳро муваққатан баст. Бо талоши кормандони вазорати нақлиёти кишвар роҳ аз селовардаҳо пок шуд ва соати 11:10 дақиқа ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шуд. Талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар нест.
Бегоҳии рӯзи 4-уми ноябр сел дар деҳаи Ҳадишаҳри ҷамоати деҳоти Инан-Тоҷики ноҳияи Масчо роҳро барои ҳаракати мошинҳо душвогузар кард. Дар айни замон он муваққатан баста аст.
СЕЛИ РӮЗИ ГУЗАШТА, САНГРЕЗИШ ВА ЯРЧ. МАЪЛУМОТИ РАСМӢ
Рӯзи гузашта ҳамчунин соати 17:40 дақиқа бар асари бориши борони зиёд дар ҷамоати деҳоти Нумон Розиқ, деҳаи Шодмонқалъа дар канори роҳи аҳамияти маҳалидошта ярч фаромада, таҳдид ба роҳи маҳалии Ваҳдат-Ромит ва иншооти хусусии Маркази инсоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат мекард. Корҳои бартарафсозии паём адҳои ин офати табиӣ роҳандозӣ шуда, дар айни замон аз ҷониби комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намудааст.
5-уми ноябри соли равон, тахминан соати 02:15 дақиқа, бар асари бориши борони зиёд дар километри 82-и шоҳроҳи Душанбе-Рашт лоиқа ва сангу шағал роҳро муваққатан баст.Дар натиҷаи ҳолати баамаломада 1 адад автомашинаи боркаши тамғаи “Mercedes-Sprinter” дар байни лойқа дармондааст. Талафот ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин ҳодиса идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 8-уми ноябри соли равон бориши борону барф дар қаламрави кишвар идома мекунад ва хатари резиши санг, ярч, омадани селҳо зиёд аст.
Сокинон ва меҳмонони кишварро лозим меояд барои таъмини амнияти худ дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.