Боронҳои рӯзи гузашта дар як қатор минтақаҳои кишвар сабаби харобиҳо ҳам шуданд. Роҳҳо муваққатан баста, вале бо талоши мақомоти дахлдор паёмадҳо ба зудӣ рафъ шуда ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуданд. Дар баъзе ҷойҳо селҳо харобиҳои бештар доштанд, ярч ҳам ду хонаро хароб кард. Лозим омад сокинони зарардида ба минтақаҳои амн интиқол дода шаванд. Хушбахтони ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ надоштанд.
Мухтасари ин хабарҳо ба қарори зеранд:
Рӯзи 4-уми ноябри сооли равон тахминан соати 08:05 дақиқа, бар асари бориши зиёди борон дар километри 355-и шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки аз деҳаи Мадрасаи ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб мегузарад, сел омад ва роҳ муваққатан баста гардид.
Бо истифода аз техникаҳои Хадамоти роҳ дар ноҳияи Дарвоз тақрибан соати 08:50 дақиқа паёмадҳои сел бартараф ва роҳ боз гардид.
Ҳамзамон дар километри 351 деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб низ сел муваққатан шоҳроҳи Душанбе – Хоруғро баст.
Барои кушодани роҳ ба мавзеъи мазкур техникаҳои муҳандисии боркунаки фронталии МНДРА-и ноҳияи Дарвоз сафарбар гардида, баъд аз корҳои бартарафсозӣ соати 10:21 дақиқа роҳ кушода гардида, ҳаракати нақлиётҳо таъмин гардид.
Рӯзи 4-уми ноябри соли 2022 тахминан соати 09:30 дақиқа, бар асари бориши борон дар километри 37-и шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ дар мавзеи Регҳои ноҳияи Ванҷ сел фаромада, роҳ муваққатан баста гардида, соати 11:10 дақиқа роҳи мазкур бо истифода аз техникаҳои Хадамоти роҳ дар ноҳияи Ванҷ кӯшода гардида, ҳаракати нақлиётҳо таъмин гардид.
Рӯзи 4-уми ноябри соли 2022 тахминан соати 11:30 дақиқа, бар асари бориши борони зиёд, дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод аз селроҳаи мавзеъи Чаноро сел омада, зерпояи бетонии тарафи чапи пули мошингузари аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаи шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар километри 37-ум қисман вайрон гардид. Инчунин иншоотҳои канораҳои пул низ қисман вайрон шудааст. Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Файзобод кору фаъолият намуда, ҳаҷми зарари расида пурра муайян карда мешавад.
Рӯзи 4-уми ноябри соли равон тахминан соати 07:20 дақиқа, аз борони зиёд дар ҷамоати деҳоти Сичароғи деҳаи Саидон сел омада, ба заминҳои назди ҳавлигӣ ва биноҳои ёрирасони ду сокини деҳа зарар расондааст.
Ҳолати баамаломада аз ҷониби қувва ва воситаҳои деҳаи мазкур бартараф карда шуд. Аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Роғун сокинони зарардида муваққатан дар хонаҳои хешовандонашон ҷойгир карда шудаанд.
Рӯзи 4-уми ноябри соли 2022 тахминан соати 08:30 дақиқа, бар асари боришоти борони зиёд, дар ҷамоати деҳоти Оби гарм деҳаи Мирзо ярч фаромада, дар натиҷа 2 хонаи истиқоматии шаҳрвандон, якеро қисман дуюмиро пурра хароб кард. Сокинони ин ду хона ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.
Талафоти ҷонӣ нест.
Рӯзи 4-уми ноябри соли 2022 тахминан соати 10:02 дақиқа бар асари бориши борони зиёд, дар километрҳои 83, 85-и шоҳроҳи Душанбе-Рашт шаҳри Роғун сангреза фаромада, муваққатан роҳ баста гардид.
Барои кушодани роҳ ба мавзеъи мазкур техникаҳои муҳандисии боркунаки фронталии МНДРА-и шаҳри Роғун сафарбар гардида, баъд аз корҳои бартарафсозӣ роҳи мазкур соати 14:02 дақиқа роҳ боз шуд ва ҳаракати нақлиётҳо таъмин гардид.
Рӯзи 4-уми ноябри соли 2022 тахминан соати 08:30 дақиқа дар натиҷаи бориши зиёди борон дар километри 94-95 мавзеи Қумоқи ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ ноҳияи Нуробод сел омада, шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол муваққатан баста гардид.
Барои боз кардани роҳ ба мавзеи мазкур техникаҳои муҳандисии боркунаки фронталии МНДРА-и ноҳияи Нуробод сафарбар гардида, баъд аз корҳои бартарафсозӣ соати 12:10 дақиқа роҳ кушода гардид.
Тибқи маълумоти сардори бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор Рӯзи 4-уми ноябри соли 2022 дар километрҳои 2 – 46 шоҳроҳи Лабиҷар, маркази ноҳияи Сангвор бинобар сабаби боридани боронҳои шадид омадани сел ва сангреза ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа роҳи мазкур мушкилгузар гардид. Ҷиҳати бартарафсозии ин ҳолатҳои баамаломада ҳайати шахсии бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор ва муасисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии №69-и ноҳия бо техникаи муҳандисӣ ба ин мавзеъҳо сафарбар гардиданд.
Корҳои бартарафсозӣ дар мавзеҳои зикршуда идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳавои номусоид рӯзҳои оянда боқӣ мемонад ва шаҳрвандонро лозим аст, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Дра чунин рӯзҳо сафарҳо бо роҳҳои кӯҳиро маҳдуд кунанд, рафтан ба шикоргоҳу моҳидорӣ ва ғунучини ҳезуму чорвочаронӣ маслиҳат нест!
Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:
– Навбатдори масъул дар Кумита: -112, 93-880-28-19, 221-91-19, 223-13-11;
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
225-44-62, 225-44-76;
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
- (83139) 2-60-74;
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
- (83222) 2-35-05, 2-78-28;
Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:
- (83322) 21656, 21657
Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
- (83522) 2-40-57, 22744;
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
- (83422) 51555, 57995