КҲФ: Хатари офатҳои табиӣ боқӣ мондааст!

Хатари офатҳои табиӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти ҳавошиносон  аз 5 ноябр то 8 ноябри соли 2022 дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ борони шадид меборад ва дар баъзе манотиқ ин борон ба барфи тар табдил мешавад.

Рӯзҳои 5-8-уми ноябр боронҳои шадид метавонанд сабаби омадани селҳо, резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ шаванд. 5-уми ноябр бар асари боронҳои шадид эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд эҳтимол дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор, моҳидорӣ  маслиҳат нест. 

Кумита ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. 

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо  сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд. 

барчасп: