Хабарҳои дирӯз ва субҳи имрӯз: Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои мошинҳои сабукрав боз аст

7 ноябри соли 2022 тахминан соати 07:27 дақиқа дар кӯчаи Калтаҳои ҷамоати Оби Гарми Роғун дар натиҷаи боронҳои шадид роҳи аҳамияти маҳаллидошта фурӯ рафта, муддате ҳаракати нақлиётро номумкин кард. Дар айни замон бо боз кардани роҳи иловагӣ ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир шуд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда барои баратараф кардани паёмадҳои ҳодиса дастбакор шудааст. 

Худи ҳамин рӯз тахминан соати  10:57 дақиқа дар километри 73-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ляхш, ки аз қаламрави ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд. Роҳ муваққатан баста шуд. Бо талоши кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ оқибатҳои ин офат бартараф ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд. 

Рӯзи 7-уми октябр соати 16:26 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки бар асари боронҳои шадид таҳхонаи бинои истиқоматии онҳо пур аз об шудааст.

Бо дарёфти ин хабар дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва бо истифода аз насоси обкаш оби таҳхонаи ин биноро пурра берун кашида, паёмади ҳодисаи табииро рафъ карданд.

8 ноябри соли 2022 тахминан соати 05:50 дақиқа боронҳои пуршиддат сабаби омадани сел дар километри 352 роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз шуд. Ин сел дар қитъаи роҳе, ки аз деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи хумби ноҳияи  Дарвоз мегузарад, боиси баста шудани роҳ гардид. Ҳоло барои баратарф кардани паёмадҳои ин ҳодиса корҳо идома доранд. 

Рӯзи 08 тахминан соати 06:05 дар километри 447 роҳи мошингарди Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки аз ҳудуди деҳаи Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ убур мекунад, сангрезиш ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса роҳ муваққатан баста гардид.

Корҳои бартарафсози оқибатҳои ин ҳодиса идома доранд. 

Бино ба гузориши ширкати роҳи IRS роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати мошинҳои калони боркаш ба ду тараф муваққатан баста буда, барои  мошинҳои сабукрав боз мебошад. 

барчасп: