Гирифти Моҳ, ё ҳодисаи Моҳи хунин!

Гирифти Моҳ

Донишманди тоҷик Ризо Баҳромзод аз ҳодисаи хусуф, яъне моҳгирифтагӣ хабар дод, ки имрӯз соати 15:59 дақиқа ба вақти Душанбе иттифоқ меуфтад. Вай дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: Рӯзи 8-уми ноябри 2022 инсонҳо шоҳиди Гирифти Моҳ (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) мешаванд: ҳолате, ки Замин дар байни Офтобу Моҳ қарор мегирад ва сояи Замин ба сатҳи Моҳ афтода, ранги онро сурхчатоб мегардонад.

Вале дар Душанбе гирифти пурра (максимуми он дар 15:59 ба вақти Душанбе) мушоҳида намешавад, зеро тулӯи Моҳ ба вақти Душанбе соати 17:14 ба амал меояд. Дар Тоҷикистон соати 17:27 ҳолати аз ҳама зиёд зери соя қарор гирифтани Моҳро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар ин ҳол 33,8%-и сатҳи Моҳро соя мепӯшад (дар расми 1 нишон дода шудааст). Ин ҳодиса то соати 18:56 давом мекунад.

Гирифти Моҳ метавонад дар як сол аз 2 то 4 маротиба ба амал ояд. Дар соли 2022 ин ҳодисаи дуюми гирифт аст (ҳодисаи аввал 16 май рух дода буд). Гирифти навбатии Моҳ 5-уми майи соли 2023 ба амал хоҳад омад.

Агар вазъи ҳаво хуб бошаду Моҳ намоён гардад, тоҷикистониён ин ҳодисаро бо чашми одӣ мушоҳида карда метавонанд.

Ин ҳодиса ба инсонҳо тамоман зарар надорад ва як раванди табиӣ мебошад.

Маълумоти муфассалро аз ин пайвандҳо дарёфт кардан мумкин аст:

https://eclipse.gsfc.nasa.gov/.../LEplot.../LE2022Nov08T.pdf
https://www.timeanddate.com/ecl.../in/tajikistan/dushanbe...

барчасп: