Наваскарони Қисмҳои ҳарбии КҲФ дар ноҳияҳои Рашт ва Вахш савганд ёд карданд
Чоп шуд: 19/11/2022 | redaktor18 ноябри соли 2022 боз дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рашт ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор шуд. Дар ин маросим пайвандони наваскарон, фармондеҳон ва ҳамхидматон, ҳамчунин собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳузур доштанд.