18 ноябри соли 2022 боз дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рашт ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор шуд. Дар ин маросим пайвандони наваскарон, фармондеҳон ва ҳамхидматон, ҳамчунин собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳузур доштанд.
Роҳбарони ноҳияҳои Рашт ва Вахш, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои наздик ба қисмҳои ҳарбӣ, волидону пайвандон ва дӯстони наваскарон меҳмонони фахрии ин маросимҳо буданд.
Дар маросими савганди садоқат дар қисми ҳарбии ноҳияи Рашт ҷонишини аввали Раиси Кумита, полковник Ҳотамшо Латифзода ширкат намуд.
Дар маркази омӯзишӣ ин наваскарон давраи омӯзишии ҷанговари ҷавонро хатм карданд. Дар ҷараёни он барояшон аз омодагиҳои ҳарбӣ, сафороӣ, тайёриҳои ҷисмониву ҳарбӣ дарс гуфтанд ва бо низоми ҳарбӣ ошно намуданд.
Сарбозон дар ҳузури фармондеҳон, падару модарон ва меҳмонони даъватшуда дар даст силоҳ ба номи Ватан савганд ёд карданд, ки вазифаи ҳарбии худро сазовор ичро намуда, истиқлолияти Ватани азизро мардонавор ҳифз мекунанд. Хизматчиёни ҳарбӣ зери санади савганди ҳарбӣ имзо гузоштанд.
Ҷонишини аввали Раиси Кумита полковник Ҳотамшо Латифзода зимни суханронии худ ба аваскарон муроҷиат намуд ва гуфт: “«Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки дар тӯли ду даҳсолаи охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстӣ, шуҷоату мардонагӣ табдил ёфта, имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони ҷасурро ба воя расонидааст. Имрӯз шумо ба ҳайати тими дӯстонаи КҲФ Тоҷикистон – одамони далеру боақл, ки вазифаи хидматӣ ва шаҳрвандии худро бошарафона ба ҷо меоранд, шомил шудед».
Дар доираи ин рӯзи фархунда дастаи наҷотдиҳандагони Кумита дар минтақаи Рашт як силсила амалҳои наҷоти осебдидагон дар офатҳои табииро амалан нишон доданд.
Ҳамин гуна чорабинӣ дар қисми ҳарбии Кумита дар ноҳияи Вахш низ баргузор шуд, ки дар он Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник Х.Вализода, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, намояндагони Комиссариати ҳарбии ноҳия, волидон ва ёру дӯстони наваскарон иштирок намуданд.