Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борони рӯзи оянда

Голуб

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон 19-уми ноябри соли равон дар як қатор ноҳияҳои кишвар (ба истиснои навоҳии шарқии ВМКБ) боронҳои шадид ва барф меборанд.

Дар ағбаҳо туман дар назар дошта шуда, биниш дар роҳҳо то 200 метр коҳиш меёбад. 

19-21 ноябр дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад. Барфи тар ва сардии ҳаво метавонад дар роҳҳо барфтӯдаҳоро ба вуҷуд орад ва ё аз сардии зиёд роҳҳои мошингард ях банданд. 

Рӯзҳои 18-19 ноябр дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва навоҳи и ғарбии ВМКБ (дар қаламрави ноҳияи Дарвоз) омадани селҳо эҳтимол дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш сафарҳои худ ба минтақаҳоро маҳдуд кунанд. Беҳтар он аст, ки безарурат сафари роҳи дур нараванд. Рафтан ба шикоргоҳ ба қасди шикор, моҳидорӣ ба лаби кӯлу наҳрҳо, ҷамъоварии ҳезум ба доманакӯҳҳо маслиҳат нест.

Дар чунин рӯзҳо хеле хуб мешавад агар ба амнияту бехатарии худ диққати бештар диҳед. Бахусус ҳангоми гарм кардани хонаҳо қоидаҳои зидди сӯхторро ҷиддан риоя намоед. 

 

Ҳамчунин Кумита ба сокинони ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ дар остонаи фасли сард барои риояи қоидаҳои бехатарӣ чанд тавсия медиҳад:

 

  • Новобаста ба он ки шумо соҳиби чӣ гуна манзили истиқоматиед, бояд захираи ҳезуму ангишт дошта бошед. 
  • Хонаҳои худро гарм нигоҳ дорем, ҳарорат ба ҳадде бошад, ки барои аҳли хонавода чун паногоҳ аз сардӣ хидмат карда тавонад. Аз истифодаи дастгоҳҳои худсохти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо худдорӣ намоед, то сабаби ҳар гуна ноҷӯриҳо ва бахусус сӯхтор нашаванд.
  • Ҳангоми боди шадид зери дарахтон, симчӯбҳои интиқоли барқ, сутунҳои реклом паноҳ набаред!
  • Бовар ҳосил намоед, ки чоравои хонагии шумо дар ҷойи амн асту сардӣ таъсираш надорад. Дар бораи захираи ғизо ба чорво ва об низ сари вақт фикр кунед.

ЧАНД ТАВСИЯ БА СОҲИБОНИ МОШИНҲО:

-КҲФ бори дигар хотиррасон мекунад, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;

 -ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;

-ҳама тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед.

 Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:

Навбатдори масъул дар Кумита: -112, 93-880-28-19, 221-91-19, 223-13-11;

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-62, 225-44-76;

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

- (83139) 2-60-74;

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

- (83222) 2-35-05, 2-78-28;

Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:

- (83322)   21656, 21657

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

- (83522) 2-40-57, 22744; 

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

- (83422)  51555, 57995