Суҳбат атрофи Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин

18 ноябри соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳай ати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Дар мулоқот дар бораи татбиқи Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин сухан рафт.

Мавзуна Бегназарова – сармутахассиси раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониаш зикр намуд, ки Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, ки моҳи апрели соли 2018 қабул шуда буд, ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти динро бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар танзим мекунад.

Мутахассиси раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бурҳониддин Қаландаров зимни суханронии худ ба муҳим будани Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид намуд ва онро як рӯйдоди таърихӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар донист.   

Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон дар атрофи Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин табодули афкор сурат гирифт. 

барчасп: