Рӯзи 16 ноябри соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ ба муносибати таҷлили “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сайидзода Раҳмон иштирок намуда, доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ суханронӣ кард.
Сайидзода Раҳмон аз ҷумла гуфт: «Ба ин иҷлосия дар таърихи навини давлатдории тоҷик, марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрўз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлол ба ин иҷлосияи таърихӣ иртиботи қавӣ дорад. Ба шакли пурраву суфта ва санҷидашуда ва исботшудаи таърихии иҷлосия метавонад сароғози давлати навини тоҷикон унвон гардад».
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар идомаи суханронии худ иброз дошт: Марҳилаи нави муҳими идораи давлат, рушди бо мароми Тоҷикистон таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мавзуъҳои гуногун доир ба ин ҷашни таърихӣ аз тарафи роҳбарияти Раёсат баромад намуда аз суханрониҳои сарони давлатҳои ба мо дўсту шарик, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ёдовари намуда бо ҳайати шахсии Раёсат шаҳру тавзеҳ дода шуда ҷамомадӣ илмӣ гузаронида шуд.