Дарсҳои омӯзишӣ барои аҳолии чанд ҷамоати ноҳияи Варзоб

Комиссияи созмондодашуда аз ҷумлаи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқшуда оид ба омӯзиши аҳолии як қатор ноҳияҳое, ки дар ҷойҳои эҳтимолии хатари офатҳои табиӣ ҷойгиранд, ба фаъолиятҳои худ идома медиҳад.

Чунончӣ, гуруҳи корӣ дар тӯли ду рӯзи охир дар ҷамоатҳои деҳоти  «Зиддӣ», «Панҷхок»,«Деҳмалик», «Такоб», «Сафедорак» ва «Роғ»-и ноҳияи Варзоб бо мардум мулоқотҳо баргузор кард.

Суҳбат аз боби мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Ситоди ҳолатҳои фавқулодда

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласа дар мавзуъи “Чораҳои муқовимат бо гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, дар бораи фаъолиятҳои собиқ Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ва манбаъҳои маблағгузории он” баргузор шуд, ки дар он намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишвар ҳузур доштанд.

Дарсҳои амалии ғаввосони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба охир расиданд

ғаввос

Дар тамринҳои наҷот дар об ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда равишҳои навро машқ карданд.

Тамрини ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта оғоз шуда буд, рӯзи 19 – уми сентябри соли равон бо роҳандозии силсилаи машқҳо оид ба такмили малакаҳои наҷот дар об ба поён расид. 

Теъдоди қурбониён дар заминларзаи Мексика ба 300 нафар мерасад

Шумори  қурбониёни заминларзаи Мексика ба 248 нафар расид. Дар ин бора субҳи имрӯз Луис Филипе Пуэнте, сарвари Агентии ҳифзи аҳолии мулкии ин кишвар дар саҳифаи Twitter-и худ иттилоъ дод.

Вай навишт: “Дар айни замон дар бораи ҳалокат 248 нафар маълумоти дақиқ дастрас аст. 72 нафар дар Морелос, 43 нафар дар Мехико, 12 тан дар Эдомекс ва як нафари дигар

Баҳси танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ситоди душанбегии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар мулоқоти бо ҷонишини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаруҳуллои Кароматулло, ки ахиран баргузор шуд, кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба як силсила саволҳои худ посухҳои мантиқӣ ва қонунӣ пайдо карданд.

Страницы