Комиссияи созмондодашуда аз ҷумлаи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқшуда оид ба омӯзиши аҳолии як қатор ноҳияҳое, ки дар ҷойҳои эҳтимолии хатари офатҳои табиӣ ҷойгиранд, ба фаъолиятҳои худ идома медиҳад.
Чунончӣ, гуруҳи корӣ дар тӯли ду рӯзи охир дар ҷамоатҳои деҳоти «Зиддӣ», «Панҷхок»,«Деҳмалик», «Такоб», «Сафедорак» ва «Роғ»-и ноҳияи Варзоб бо мардум мулоқотҳо баргузор кард.
Дар ҷараёни роҳандозии корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиву таблиғӣ мутахассисони Кумита дар ҳар ҷамоат ба аҳолӣ қоидаҳои амал ҳангоми сел, ярч, обхезӣ, заминларзаро фаҳмониданд, ҳамчунин гуфтанд, ки дар ҳоли рух додани офати табиӣ бо кадом телефонҳо бо хадамоти фаврии Кумита иртибот гиранд.
Ғайр аз ин мутахассисони Кумита ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар мавриди ҳалли масъалаҳои ба зиммаашон гузошташуда оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ёриҳои методӣ расониданд.
Дар поёни ҳар мулоқот ба иштирокчиён варақаҳои таблиғиву дастурамалҳои қоидаҳои бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқулодда тақсим карданд.