Activities calendar

30 сентября 2017

Оғози ёздаҳумин қувваозмоии бисёрҳарба миёни наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

11 –умин қувваозмоии ҷумҳуриявии бисёрҳарба миёни воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он Ҷонишини аввали Раиси кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ва ҷонишини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати

Заминларзаи шоми 29-уми сентябр бидуни хисорат ва талафот буд

Бино ба иттилои маркази зилзилсанҷии кишвар шоми рӯзи 29-уми сентябри соли равон соати 18:49 дақиқа, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ду маротиба такон хӯрд.
Маркази заминларза 135 км ҷанубу ғарб аз  шаҳри  Душанбе, дар сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон буд.
Қувваи он дар марказ ба 5 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷониву хисорот ба қайд гирифта нашудааст.