Заминларзаи шоми 29-уми сентябр бидуни хисорат ва талафот буд

Бино ба иттилои маркази зилзилсанҷии кишвар шоми рӯзи 29-уми сентябри соли равон соати 18:49 дақиқа, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ду маротиба такон хӯрд.
Маркази заминларза 135 км ҷанубу ғарб аз  шаҳри  Душанбе, дар сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон буд.
Қувваи он дар марказ ба 5 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷониву хисорот ба қайд гирифта нашудааст.