Ба истифода додани хонаҳои навбунёд барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Дарвоз
Чоп шуд: 13/09/2017 | adminСафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ба хотири шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнатии заҳматкашон, оғози корҳои бунёдӣ ва ба истифода додани хонаҳои навбунёд сурат гирифт, бори дигар умеду боварии сокинони вилоятро ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон тақвият бахшид.