То 22 сентябри соли 2017 дар Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи машқҳо барои баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони хадамоти ғаввосии КҲФ роҳандозӣ мешавад.
Дар ҷараёни омӯзиш вижагиҳои корҳои ғаввосӣ, ки ба наҷоти одамон иртибот дорад, тамрин мешавад.
Дар ин давраи омӯзишӣ ширкаткунандагон маҳорати касбии худро дар обҳо, озод намудан аз асорат, кашидани одамон, расонидани кӯмаки аввал, рафтан ба қаъри об бо як нафас ва берун омадан аз он, асосҳои анҷом додани корҳои ҷустуҷӯии ғаввосӣ ва ғайра боло хоҳанд бурд.
Маврид ба зикр аст, ки дарсҳо ва машғулиятҳои амалӣ ба таҳкими дарсҳои омӯзишии назариявианд. Барои афроде, ки пайваста дар кӯлу обанборҳо ва ҳавзҳо назорат мебаранд ва ғарқшудагонро наҷот медиҳанд, ин дарсҳои амалӣ хеле муфиданд.