Теъдоди қурбониён дар заминларзаи Мексика ба 300 нафар мерасад

Шумори  қурбониёни заминларзаи Мексика ба 248 нафар расид. Дар ин бора субҳи имрӯз Луис Филипе Пуэнте, сарвари Агентии ҳифзи аҳолии мулкии ин кишвар дар саҳифаи Twitter-и худ иттилоъ дод.

Вай навишт: “Дар айни замон дар бораи ҳалокат 248 нафар маълумоти дақиқ дастрас аст. 72 нафар дар Морелос, 43 нафар дар Мехико, 12 тан дар Эдомекс ва як нафари дигар дар Оахак”.

Аммо ахиран хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки шумори ҳалокшудагон ба 300 наздик мешавад.

Замин дар Мексика бегоҳии рӯзи 19-уми сентябр якчанд маротиба такон хӯрд ва маркази он  12-километраи ҷанубу шарқии маркази аҳолинишини Ахочяпон, тахминан 11 км дуртар аз Мехико буд. 

Такони аввал 7,1 балл ва баъдан чанд бори дигар ҳам ҷунбид, вале аз 4 бал боло набуд. Олимон гуфтаанд, ки баъди заминларза вулқони Попокатепетл фаввора зад.

Бар асари ин заминларза дар нукоти гуногуни кишвар ҳудудан 3 миллион нафар бе қувваи барқ монданд.  Даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ хароб шуданд.

Reuters хабар дод, ки 22 кӯдак ва ду омӯзгор зери девори мактаби харобшуда монда, ба ҳалокат расиданд. Аммо дар бораи қурбониёни ин мактаб рақамҳо пайваста дигаргун мешаванд. 30 ноболиғ ва 8 калонсол аз ҷумлаи гумшудагонанд, ки ҳоло ҷустуҷӯ мешаванд.

Бемористонҳо пур аз захмиёнанд ва теъдоди онҳо то ҳол дақиқ эълон нашудаанд, чун шумораашон пайвста меафзояд. Одамонро аз зери биноҳои фурӯрафта бо азобе берун мекашанд. Қувваи неруҳои наҷот  басанда нест, ихтиёриён ёрӣ мерасонанд.

Дар шаҳрҳо бесарусомонӣ, касе гумшудаи худро меҷӯяд, касоне дар ҷустуҷӯи макони истиқомат. Пулис наметавонад ҳамаро раҳнамоӣ кунад, чун маълумоти комилу дақиқ аз вазъ надорад.

барчасп: