Дар тамринҳои наҷот дар об ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда равишҳои навро машқ карданд.
Тамрини ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта оғоз шуда буд, рӯзи 19 – уми сентябри соли равон бо роҳандозии силсилаи машқҳо оид ба такмили малакаҳои наҷот дар об ба поён расид.
Дар ҷараёни ин омӯзишҳо ҳамаи зинаҳои баргузории корҳои садамавиву наҷот: фаврӣ расидани наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса, пӯшидани либосҳои вижа, вориди амал шудан ва кор дар обҳо барои наҷоти “ғарқшудаи шартӣ” тамрин шуданд.
Дарсҳо дар об бо истифода аз стансияи хурди ғаввосии сареъ гузаронида шуданд. Ин стансияи хурд иртиботи дуҷонибаро бо ғаввос таъмин мекунад ва имкон медиҳад маълумоти дақиқро фаврӣ дастрас кунанд, донанд, ки зери об чӣ мегузарад ва дар ҳолати зарурӣ сари вақт ба кӯмакаш расанд.