Дарси шарҳи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» машғулиятҳои омӯзишӣ доир намуд. Мавзуъ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (20 июни соли 2024, № 2048) буд.

Дар ҷараёни дар оид ба татбики Конуни мазкур тавзехоти мухтасар ва пурмазмун дода шуд.

Зимнан зикр гардид, ки Қонуни мазкур тартиби баргузории ҷашну маросимҳоро муайян намуда, ба ҳифзи арзишҳои воқеии фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофотпарастиву мутаассибӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковник А.Шоев таъкид намуд, ки Қонун ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии деҳот ва ҷамоати деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз мансубияти онҳо, тобеияти идоравй ва шаклҳои моликият, инчунин шахсони алохида, сарфи назар аз вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо татбиқ мегардад.

барчасп: