Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар мерасонад, ки рӯзи 19 июли соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.

Ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо ва Гурӯҳи РЕАКТ

16 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон М. Парвати Рамасвами, ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва Гурӯҳи арзёбии сареъ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор гардид.

Ярчу сели рӯзи гузашта. Ҳалокати як наврас ҳангоми оббозӣ дар Суғд

14 июли соли 2024, соати 00:15 дақиқа дар натиҷаи боришоти шадид дар километрҳои 9,8 шоҳроҳи Рағун-Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз мавзеъи Паси Мураҳо мегузарад, ярч роҳро баст.

Барои рафъи паёмадҳои ин офат техникаи махсуси муҳандисӣ ва кормандони хадамоти роҳи шаҳр ҷалб карда шуданд. Ҳоло роҳ пурра тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шудааст. 

Идома корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар навоҳии аз сел зарардида Суғд

Дар се минтақаи аз сел осебдидаи вилояти Суғд корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

Рӯзи 14 июли соли 2024 дар ҳудуди деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел оғоз гардид. Ҳудуди 60 нафар сокинони деҳа ҳамроҳ бо бо наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи ноҳияиҳои Зарафшон бо ҷалби 3 адад техникаи

Ҳушдор аз эҳтимоли омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти идораи ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар давоми шабонарӯзи оянда дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи марказ ва вилояти Суғд, ҳамчунин ғарби ВМКБ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба аҳоли муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳои хеле эҳтиёткор бошанд.

Страницы