Ҳушдор аз эҳтимоли омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти идораи ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар давоми шабонарӯзи оянда дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи марказ ва вилояти Суғд, ҳамчунин ғарби ВМКБ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба аҳоли муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳои хеле эҳтиёткор бошанд.

Аз қабл селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои маҳалли худро аз ҳар гуна селовардаҳову хасу сангу рег тоза кунанд, то оби зиёд ба маҷрои худ бе мамониат ҷорӣ шавад.

КҲФ ба дӯстдорони  кӯҳгардӣ, сайёёҳони кӯҳгард муроҷиат мекунад ва аз онҳо хоҳиш менамояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

барчасп: