Ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо ва Гурӯҳи РЕАКТ

16 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон М. Парвати Рамасвами, ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва Гурӯҳи арзёбии сареъ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа беш аз 70 нафар роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллӣ мебошанд, ширкат варзиданд. 15 нафар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ низ тариқи видеоконфронс ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба рафти татбиқи ташаббуси “Огоҳии бармаҳал барои ҳама” дар Тоҷикистон, Барномаи миёнамӯҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2023-2025, ҳисобот оид ба рафти иҷрои барномаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, иҷрои барномаи иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, дар бораи чорабиниҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишвар барарсӣ шуданд.  

Ҳамчунин Нақшаи кории Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои нимсолаи дуюми соли 2024 ва «Харитаи роҳ»-и тақвияти системаи огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон, ки дар доираи Барномаи мазкур таҳия ва татбиқ мегардад, ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» дар кишвар низ баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Дар ҷаласа роҳбарону намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони занони СММ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ширкат ва суханронӣ намуданд. 

Дар фарҷоми ҷаласа байни аъзоён ва иштирокчиёни ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба истифодаи самараноки маблағҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, инчунин оид ба меъёрҳои меъёрии ҳуқуқӣ табодули афкор сурат гирифт.   

Қобили зикр аст, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 қабул шуда, соли 2024 ба низомномаи он оид ба васеъ намудани ҳайат ва ваколатҳои он тағйирот ворид карда шуд.

барчасп: