Идома корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар навоҳии аз сел зарардида Суғд

Дар се минтақаи аз сел осебдидаи вилояти Суғд корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

Рӯзи 14 июли соли 2024 дар ҳудуди деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел оғоз гардид. Ҳудуди 60 нафар сокинони деҳа ҳамроҳ бо бо наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи ноҳияиҳои Зарафшон бо ҷалби 3 адад техникаи вазнини муҳандисӣ ба ҳашар ҳозир шуданд. Дар натиҷа роҳи деҳа аз лойқа пурра тоза карда шуд. Ҳамчунин, КҲФ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба аҳолӣ дар шакли маҷмӯаҳои гигиенӣ ва зарфҳои ошхона кӯмак расонид.

 14 июли соли 2024 дар деҳаи Падроғи ҷамоати деҳоти Ивани Тоҷики ноҳияи Мастчӣ Кӯҳистони Мастчӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома ёфтанд.

 Бо истифода аз техникаи муҳандисии хадамоти роҳи ноҳия ҷодаҳои маҳаллӣ, инчунин се бинои истиқоматии сокинони ин деҳа аз лойолуд пурра тоза карда шуданд.  

14 июли соли 2024 дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва Воруи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хатти барқ ​​барқарор карда шуда, роҳҳои маҳаллӣ аз оқибатҳои сел қисман тоза карда шуданд. Дар ҷамоатҳои деҳоти аз офати табиӣ зарардида 5 адад техникаи муҳандисии шаҳр ҷалб карда шудааст.

Корҳо барои рафъи оқибатҳои он дар ин самт идома доранд.

барчасп: