Тамрини мукамали мудофиаи граждани дар ноҳияи Панҷ

Аз 29 то 31 окттябри соли 2024, машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ  дар ноҳияи Панҷ дар мавзўи «Омодагӣ ва вокунишҳо ба ҳолати фавқулода дар алоқамандӣ бо убури оммавии паноҳандагон» баргузор шуд.

Кормандону мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ин тамринро дар ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи Пешқадам 2-и ноҳияи Панҷ бо ҷалби ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ,  хадамотҳои мудофиаи гражданӣ зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибаҳои ҳолатҳои фавқулода ва аҳолии ҷамоати деҳоти номбурда гузаронданд.

Дар ин тамрин ҳудудан 700 нафар ва 45 адад техника ҷалб шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин машқҳо такмил ва санҷиши омодагии нерӯҳо ва воситаҳое мебошад, ки амнияти аҳолиро дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин мекунанд.

Иштирокчиёни фаъоли машқҳои маҷмуии комплексии зерсистемаи ҳудудии Низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо Ифтихорномаҳои Раиси КҲФ ва туҳфаҳои хотиравии Раиси Ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи машқ бо муовинони роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсони мансабдори ваколатдори ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ дарсҳои таълимию методӣ гузаронида шуд.

барчасп: