Мулоқоти Раиси КҲФ бо сарвари Сохтори «СММ-бонувон» дар Тоҷикистон

22 июли соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо сарвари Сохтори «СММ-бонувон» дар Тоҷикистон хонум М.Ҷӯрақулова баргузор шуд.

Раиси КҲФ ба меҳмонон дар бораи фаъолияти КҲФ, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод.

30 соли КҲФ. Нақши Пешвои миллат дар пешбурд ва рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода

Таҳлили фаъолияти рӯз ба рӯзи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду тавсеаи на танҳо Кумита, балки коҳиши хатари офатҳо баръало нишон медиҳад. Дида мешавад, ки ин Кумита зинда ба зина маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари

Чанд хабар аз фаъолияти наҷотдиҳандагон дар рӯзҳои истироҳат

20 июли соли 2024, тахминан соати 23:45 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар соҳили дарёи Зарафшон як ҷасад ба чашм мерасад. Наҷотдиҳандагони КҲФ аз минтақаи ноҳияҳои Зарафшон ба ҷойи ҳодиса -  деҳаи Реварзи ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ равон шуданд.

Имдодгарон ҷасадро аз об берун оварданд ва барои ташхис ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Маълум шуд марҳум як сокини деҳаи Похуди ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ буда, 13 сол доштааст.

КҲФ: Аз чор ғарқшудаи рӯзҳои гузашта се нафарашон тифлон буданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба аҳолӣ оид ба риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ дар назди обҳо, инчунин назорати доимии кӯдакон муроҷиат кардааст. Вале, мутаассифона, на хар кас ба тавсияҳо гӯш медихад ва  ин боис мешавад фоҷеа рух диҳад. Чунончӣ, рӯзҳои истироҳат чаҳор шаҳрванд дар обҳои кишвар ғарқ шуданд, ки се нафарашон кӯдакони хурдсол буданд!

Сел дар Мастчоҳи Кӯҳӣ

21 июли соли  2024 тахминан соати 18:00 бар асари борони кутоҳмуддат дар ҳудуди деҳаҳои Пит, Ғузн, Ревомут ва Рувоски ҷамоати деҳоти Инван-тоҷики ноҳия Мастчоҳи Кӯҳӣ сел омад.

Дар натиҷа лойоба ҷӯву заҳбурҳо, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳои байни деҳаҳоро пур кард. Таҳхонаҳои се бинои истиқоматии сокинони деҳаи Пит ва атрофи он низ зери об мондааст.

Сел талафоти ҷониву харобии дигар надошт.

 Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар ҷойи ҳодиса кор мекунад.

Страницы