Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба аҳолӣ оид ба риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ дар назди обҳо, инчунин назорати доимии кӯдакон муроҷиат кардааст. Вале, мутаассифона, на хар кас ба тавсияҳо гӯш медихад ва ин боис мешавад фоҷеа рух диҳад. Чунончӣ, рӯзҳои истироҳат чаҳор шаҳрванд дар обҳои кишвар ғарқ шуданд, ки се нафарашон кӯдакони хурдсол буданд!
20 июли соли 2024, тахминан соати 10:55 дақиқа сокини 2-солаи деҳаи Тугараки ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки бе назорати падару модар монда, аз ҳавлӣ берун шудаву дар канали таъмини оби деҳа сарозер шудааст. Волидонаш аз ҳодиса ба зудӣ огоҳ ва ӯро аз об берун оварда ба бемористон бурданд ва хушбахтона табибон тавонистанд ҷони ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Ҳодисаи дуюм низ дар ҳамин деҳа рух додааст ва боз ҳам тифлаке ғарқи об шудааст ва ин бор ҳодиса фоҷебор гузашт. Тақрибан соати 13:33 дақиқа як сокини 2-солаи деҳаи Тугараки ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз беназоратии волидон дар ҳавзи резинии ҳавлӣ афтодаву ба ҳалокат арсидааст.
20 июли соли 2024 тахминан соати 13:00 як сокини 12-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар дарёи Қаратоғ дар ҳудуди деҳаи Арши ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ғарқ шудааст. Падараш кӯшиш кард, ки ӯро наҷот диҳад, аммо натавонист. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот рӯзи гузашта бенатиҷа анҷом шуданд ва аз субҳи имрӯз аз сар гирифта шуданд.
21 июли соли 2024 тахминан соати 15:00 дақиқа як сокини 27-солаи деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш, ки аз тариқи деҳаи Сариҳавзи ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кушониён мегузарад, ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро 3 км поинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Кумита бо изҳори таслияту ҳамдардӣ ба пайвандони ҳалокшудагон бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хотиррасон мекунад, ки оббозӣ дар дарёҳои кишвар мамнӯъ аст. Махсусан волидон бояд фарзандони ноболиғи худро беназоат нагузоранд ва ҳаёти онҳоро зери хатар нагузоранд.