Чанд хабар аз фаъолияти наҷотдиҳандагон дар рӯзҳои истироҳат

20 июли соли 2024, тахминан соати 23:45 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар соҳили дарёи Зарафшон як ҷасад ба чашм мерасад. Наҷотдиҳандагони КҲФ аз минтақаи ноҳияҳои Зарафшон ба ҷойи ҳодиса -  деҳаи Реварзи ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ равон шуданд.

Имдодгарон ҷасадро аз об берун оварданд ва барои ташхис ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Маълум шуд марҳум як сокини деҳаи Похуди ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ буда, 13 сол доштааст.

Ӯ бешар аз як моҳ пеш, 14-уми июни соли 2024 дар ҳудуди мавъеи Деҳпас нопадид шуда будааст.

Инчунин, дар ин рӯз ба қисми  навбатдории  КҲФ занг заданд, ки  дар кӯчаи Алишер Навоӣ 37/1-и шаҳри Душанбе тайи 10 рӯзи охир соҳиби яке аз манзилҳо аз хона берун набаромада, дарро боз намекунад.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе якҷо бо кормандони милитсия дари манзили хонаи ин шаҳрвандро боз карданд. Диданд, ки соҳиби ин хона зани танҳои 55-сола кайҳо ҷон аз даст додааст.

Ҷасади ин зан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд, то сабаби маргаш ташхис шавад.

Илова бар ин, кормандони Гурӯҳи зудамали наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе шабонарӯзи гузашта дар боз кардани дари оҳании шаҳрвандон кумак карданд. Дар яке аз ин хонаҳо кӯдакони хурдсол танҳо монда буданд.

барчасп: