Бо мақсади иҷрои банди нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва фармоиши Раиси Кумита аз 23 октябри соли 2024, «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи иншоотии мудофиаи гражданӣ» дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзҳои 26 то 30 октябри соли ҷорӣ ҳайати шахсии шуъба ҷиҳати омода ва баргузор намудани машқи мазкур ба Коллеҷ сарфарбар шуда буданд.
Рўзи 31 октябри соли чорӣ машқи мазкур оғоз гардид. Бо «Бонги-хатар» аз дохили бино бо тартиби муқарраргардида донишҷўёну омӯзгорон эвакуатсия шуда, дар ҷои бехавф саф кашидаанд. Масъулини шуъбаву гурӯҳҳои Колеҷ ба раиси комиссияи эвакуатсионии муассиса гузориш доданд.
Мувофиқи сенарияи машқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе заминларзаи шадид ба вуқўъ омадааст, ки дар натиҷа биноҳои коллеҷ хароб гаштаанд. Барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолати фавқулодда қувва ва воситаҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, зернизомҳои ҳудудии Низоми ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Сино, ҷалб гардида, дар ҳамоҳангӣ бо нерўҳои ғайриҳарбии колеҷ, ҷароҳатбардоштагонро аз дохили бино бароварда ба онҳо ёриҳои аввалини тиббӣ расонида, ба беморхонаҳо интиқол доданд.
Дар маҷмўъ дар машқи мазкур 4-адад техника ва 1400 нафар ҷалб карда шуданд.
Мақсад аз роҳандозии ин тамрин дуруст амал намудани ҳайати педагогӣ, донишҷўён ва дигар кормандони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҳангоми ба вуқўъ омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта мебошад.
Ҷараёни тамрин аз тарафи намояндагони шабакаҳои телевизиони “Шабакаи-1” ва “Ҷаҳоннамо” наварбардорӣ шуд.