КҲФ: Хатари селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқист
Чоп шуд: 05/08/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми августи соли равон бар асари болоравии ҳарорати ҳаво дар баъзе навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.