1 августи соли 2024 соати 10:00 дақиқа автомашинаи тамғаи «Toyota Corolla Fielder», ки аз ҷониби як марди 59-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Вахш идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз маркази вилоят ба самти ҷамоати деҳоти Ваҳдат чархаш шикастааст. Мошин, ки бо суръати баланд дар ҳоли ҳаракат буд, баъди ин ҳодиса аз роҳ паридаву ба канали канори роҳ сарозер шуд.
Хушбахтона, дар ин садама касе осеб надид.
Ба ҷойи ҳодиса кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон расида, бо таноб мошинро баста ва баъдан бо истифода аз автокран онро аз канал берун оварданд.
Ронанда ва мусофирон мустақилона ва беосеб то омадани имдодгарон аз дохили мошин бурун шуда буданд.
1 августи соли равон соати 15:00 дақиқа як сокини 19 – солаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми оббозӣ дар Сирдарё дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ба ғарқ шудан оғозид. Инро имдодгарони навбатдори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд мушоҳида карданд.
Онҳо фавран худро ба ҷойи ҳодиса расонданд ва ҷавонро аз марги эҳтимолӣ наҷот доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми оббозӣ дар кӯлу баҳру даёву канал қоидаҳои шиновариро риоя кунанд.