Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми августи соли равон бар асари болоравии ҳарорати ҳаво дар баъзе навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.
Илова бар ин хавфи боло рафтани сатҳи дарёҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, резиши сангу ярч ҳам эҳтимол дорад.
Дар робита ба ин Кумита бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳузур дар соҳили обҳо ва сайругашт дар кӯҳҳо эҳтиёт кунанд.
Илова бар ин, КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки барои таъмини бехатарӣ сари вақт ҷӯву каналу заҳбурҳои маҳалли зисти худро тоза кунанд, то об ба маҷрои худ ҷорӣ шавад.