Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

31 июли соли 2024 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полконики милитсия Р.Назарзода ва сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Маҷидзода А., сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳо, намояндагони расонаҳои хабарии дохиливву хориҷӣ иштирок карданд.

Қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 532 ҳолати фавқулоддаи табиӣ (2023-475) ба қайд гирифта шуд, аз ҷумла: 188 сел, 156 барфу борони шадид, 77 тарма, 35 ҳолати болоравии сатҳи об, 33 сангрезӣ дар роҳҳо, 18 заминларза, 14 ярч, 7 шамоли шадид ва 4 маротиба раъду барқ. Маблағи зарар 130 миллиону 663 ҳазору 500 сомониро ташкил додааст.

Дар натиҷаи 12 офати табиӣ 15 нафар шаҳрвандони кишварамон ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷумла: 9 нафар дар селҳои харобкор ҷон бохтаву, 4 нафар дар раъду барқ ва 2 нафарро ярч ҳалок кардааст.

Бар асари ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ 164 бинои истиқоматӣ (64 адад пурра, 26 адад қисман), 1853 иншооти ёрирасон, 6 бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 66 пул, 2498,59 гектар майдони кишт ва 294,2 км роҳҳо зарар дидаанд. Ба оилаҳое, ки аз офати табий зарар дидаанд, дар шакли масолехи бинокорй, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва васоили рӯгор кумак карда шуд. Ин ёриҳо сари вақт ба навоҳи офатрасида расонда шуд.  

Раиси Кумита ҳамчунин иброз дошт, ки аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар шаш моҳи ахир 86 нафар (соли 2023-84) нафар дар дарёву кӯлҳо ғарқ шудаву ҷон додаанд. Аз ин шумор ҳашт нафарашон то 4-сола, 9 нафарашон аз 5 то 10-сола, бисту се нафар аз 11 то 16-сола, бисту ҳашт нафар аз 17 то 35-сола ва ҳашт нафар аз 35-сола боло мебошанд.  

Дар нишасти матбуотӣ вазифаҳои афзалиятноки Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2024 эълон карда шуданд. Рӯзноманигорон, пеш аз ҳама, ба фаъолияти Кумита дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ҳамкории КҲФ бо дигар ниҳодҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Сардори Идораи наҷот ба ин ва дигар саволҳои намояндагони ВАО посух дод.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ роҳбарони воҳидҳои пешбари КҲФ бо намояндагони ширкатҳои телевизион ва радиои байналмиллалӣ ва ватанӣ мусоҳибаҳо анҷом доданд.

барчасп: