Гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида
Чоп шуд: 12/08/2024 | adminИмрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон ҷаноби Фумио Кисида бо ибтикори он ҷониб баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон дар робита ба заминларзаи шадиде, ки чанде пеш дар Ҷопони дӯст рух дода буд, ҳамдилӣ ва дастгирии худро изҳор доштанд.
Сипас, Пешвои миллат дарки ҷониби Тоҷикистонро аз тасмими ба замони дигар гузаронидани вохуриҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, ки ба наздикӣ ба нақша гирифта шуда буданд, таъкид намуд.