Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли омадани селҳо дар баъзе навоҳии кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон мерасонад, ки рӯзи 9 августи соли ҷорӣ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимол дорад.

 Рӯзҳои 8-10 август бо сабаби баландшавии дамои ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар назар дошта шудааст.   

Кумита дар ҳамин иртибот бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки эҳтиёт кунанд. Барои таъмини бехатарии худ ва хонаводаи худ аз қабл селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди ҳавлиҳои худро аз ҳар гуна бодовардаву селовардаҳо тоза кунанд, то агар оби зиёд ҷорӣ шуд, роҳи худро ёбад ва боиси хатар нашавад.

Дар чунин рӯзҳо будубош дар соҳили обҳо низ хатар дорад. Болоравии сатҳи об метавонад ба ҷони касоне, ки бе риояи қоидаҳои бехатарӣ саргарми оббозӣ мешаванд, таҳдид кунад.

барчасп: