30 соли КҲФ. Барномаҳои рушди Кумита қадам ба қадам

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои рушди иҷтимоъӣ - иқтисодии Барномаҳо ва консепсияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 феврали соли 2008 Кумита бо мақсади муайян кардани самтҳои асосии МГ ва ҲФ «Барномаи рушди системаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2009-2014» таҳия ва дар амал тадбиқ намудааст.

Дар Барнома ба масоили пешбинӣ, пешгирӣ ва коҳиши зарари эҳтимолии ҳолатҳои фавқулода, инчунин такмили системаи мудофиаи гражданӣ таваҷҷўҳӣ хос дода шуда буд.

Дар Барнома иқдомоти зерин пешбинӣ шуда буданд:

  • аз нав барқарор кардани фонди иншооти муҳофизатии МГ (паноҳгоҳҳо, ба шумули паноҳгоҳҳои зидди радиатсионӣ) дар  шаҳри Душанбе, марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ;
  • эҳё ва барқарор кардани захираҳои сафарбарии гурўҳи 2, захираҳои дахлнопазир хўрокворӣ ва доруворӣ;
  • ба ихтиёри Кумита гузаронидани Маркази ягонаи муҳофизатии аз шаҳр беруни мудирияти МГ ва барқарор намудани фаъолияти он.

Бо мақсади иҷрои Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 43 млн. 560 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, ки барои ташкил ва таҳкими заминаи моддӣ - техникии Кумита, харидории воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти зарурии садамавиву наҷот  масраф шуданд.

Аз ҳисоби маблағгузориҳои инвеститсионӣ 16 млн. 50 ҳазор доллари ИМА ҷудо шуда буд, ки ҷиҳати тадбиқӣ Барнома, навсозии заминаи моддӣ -техникӣ ва таълимии Кумита, ситодҳои вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳри Душанбе, инчунин бо афзорҳои зарурӣ муҷаҳаз кардани дастаҳои наҷот сарф шуданд.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷетии мақомоти худидории шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд мутаносибан 4 ва 2 автомашинаи садамавиву наҷот ва таҷҳизоти муҳандисӣ-техникӣ барои истифода дар амалҳои ҷустуҷўӣ ва наҷот харидорӣ шудааст.

Дар доираи Барнома ҷиҳати дар минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёд намудани ҷузъу томҳои наҷоти кўҳӣ ва бо кадрҳои соҳибихтисос такмил намудани онҳо барои хидматрасонӣ дар иншооти хатарнок  корҳо суръат гирифтанд.

Инчунин Барнома бо техникаи махсус, таҷҳизоти садамавию наҷот, тиббӣ, таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва техникаи зидди сўхтор таъмин намудани ҷузъу томҳои наҷоти кўҳиро пешбинӣ намуда буд.

Барои таъмини коршоямии ҷузъу томҳои наҷоти кўҳӣ ҳар сол ҷудо намудани 2 млн. 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуд.

Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» бо назардошти супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили сохтори штатӣ ва Протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2016 № 37-35, тибқи талаботи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятнокии рушди КҲФ ва МГ ва таъмини рушди минбаъдаи устувори он дар ояндаи дарозмўҳлат таҳия карда шудааст.

Лоиҳаи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муайян намудани мақсад, принсипҳо, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нигаронида шуда, амалигардонии он барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд ва ба афзалиятҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷавобгў мебошад.

Лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани фаъолияти Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, таҳкими заминаи моддӣ - техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар самти таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ равона шудааст.

 Барои дар амал ҷорӣ намудани Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 нақшаи чорабиниҳои татбиқи он таҳия  шуда, ин қисматҳоро дар бар гирифт:

  • - такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • - омўзиш ва бозомўзии кадрҳо;
  • - таҳкими заминаи моддӣ-техникии қўшунҳои мудофиаи гражданӣ ва рушди минбаъдаи онҳо;
  • - рушди сохторҳои ҳудудии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • - рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ;
  • - бозсозӣ ва аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳаз кардани Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Кумита;
  • - ташкили Марказҳои идораи ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

КҲФ ва МГ дар доираи салоҳиятҳои худ чораҳои заруриро ҷиҳати татбиқи амалии вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда, эътино ба ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибати онҳо меандешад.

барчасп: