Ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор кумак расид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ёрӣ ба аҳолии зарардида аз  офатҳои табиӣ ҳамроҳ бо Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар ҶТ ба сокинони аз сел осебдида, кӯмак расонд.

Аз ҷумла, ба 42 хонавода дар деҳаи Ёзғанд, ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳар оила 50 -кг орд, 2 литр равғани рустанӣ ва 5 кг нахуд расонда шуд.

Кӯмакҳо дар ҳузури Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ва кормандони масъули КҲФ ба ниёзмандон тақсим карда шуд.

барчасп: