Наҷоти ду ғарқшудаи обанбори Қайроқум

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги ду марди баркамол дар обанбори Қайроқум пешгирӣ карданд.
Ҳангоми шино бо гидросикл мардон дағалона қоидаҳои техникаи бехатариро дар ҳавз вайрон намуданд. Дар натиҷа гидросикл чаппагардон шуд ва онҳо зераш монданд.
Кормандони наҷоти Кумита, ки дар атроф гаштугузор

Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Русия, таҳдиди вабо дар Яман... Хулосаи хабарҳои рӯз дар олам

Дар Яман 101 ҳазору 820 нафар мубталоёни бемории вабо ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба хабарҳои расмӣ вабо то имрӯз 789 нафар сокинони ин кишварро куштааст.

Вабо аз охири моҳи апрели соли равон дар Яман рӯ ба афзоиш овард. Дар Санъо-пойтахти ин кишвар ҳолати фавқулодда эълон шудааст.
Вазорати тандурустии Яман мегӯяд авалин мубталоёни ба ин бемории марговар ҳанӯз се сол пеш ба қайд гирифта шуда буданд. Гуфта мешавад, ки дар айни замон дар 19 вилояти ин кишвар мубталоён ба вабо сабти ном шудаанд. 

Дидорҳои судманд дар доираи ширкат дар Даҳумин солони байналмилалии воситаҳои таъмини амният дар Русия

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни сафарашон ба Русия бо сарваророни Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар масъалаҳи омӯзишҳои баъдии афсарони Кумита ва дохил шудани аввалин курсантон аз Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи

Мулоқот бо адиби маъруф Кароматуллоҳи Мирзо дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Адиби шинохта Кароматуллоҳи Мирзо дар дидораш бо ҳайати шахсии Ситоди Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати хотирмон анҷом дод.
Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи

Омӯзишҳои амалии ҳифзи аҳолӣ барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Хатлон

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа мустақар дар вилояти Хатлон шеваҳои ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табииро омӯзиш доданд.
Барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва хизматчиёни ҳарбии ду қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар қаламрави вилояти Хатлон дарсҳои амалии ҳифзи аҳолӣ бо номи  “Заминларза, боронҳои шадид, сел, обхезӣ, ярч ва лағзиши тарма” гузаронида шуд.

Страницы