Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни сафарашон ба Русия бо сарваророни Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар масъалаҳи омӯзишҳои баъдии афсарони Кумита ва дохил шудани аввалин курсантон аз Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ширкаташ дар Даҳумин солони байналмилалии воситаҳои таъмини амният, ки таҳти унвони «Комплексная
безопасность-2017» дар шаҳри Ногини Федератсияи Русия баргузор шуда буд, як силсила вохӯриву мулоқотҳо доир намуд.
Ин ҳайат аз ҷониби ҷонишини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода сарварӣ мешуд.
Ҳайат аз Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дидан кард. Бо роҳбарони Академия ва шунавандагон-афсарони Кумита, ки дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ бо роҳбарони Академия масъалаҳои омӯзишҳои баъдии афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дохилшавии аввалин курсантон аз Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Баъди муколамаву суҳбат бо роҳбарон ва омӯзгорони Академия ҳайат бо утоқҳои дарсӣ, маҷтамаъи варзишӣ, хобгоҳ ва бинои таълимии он шинос шуд.