Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги ду марди баркамол дар обанбори Қайроқум пешгирӣ карданд.
Ҳангоми шино бо гидросикл мардон дағалона қоидаҳои техникаи бехатариро дар ҳавз вайрон намуданд. Дар натиҷа гидросикл чаппагардон шуд ва онҳо зераш монданд.
Кормандони наҷоти Кумита, ки дар атроф гаштугузор ва вазъро назорат мекарданд, бо дидани ин манзара зуд худро ба об заданд ва ин ду марди баркамолро аз қаър ба боло кашиданд ва то соҳил овардаву ҷонашонро аз марг раҳо карданд.
Дар соҳил аввал ба онҳо нафаси сунъӣ доданд, баъдан бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” онҳоро ба бемористон интиқол доданд.
Таҳлилҳо ва оморҳо баёнгари онанд, ки аксаран аз риоя накардани техникаи бехатариву қоидаҳои оббозӣ дар обҳо ғарқ мешаванд ва ҷони худро аз даст медиҳанд.
Дар ҳолатҳои дигар одамон ба истеъдоду малакаи худ беш аз ҳадди мумкин бовар мекунанд. Иддае баъди нӯшидани машрубот ё истеъмоли маводи мухаддир аз сархӯшӣ худро ба об мезананд. Гуруҳи дигар бошанд дар ҷойҳое номусоид ва ноозмуда оббозӣ мекунанд ва дучори фалокат мешаванд.
Кӯдакон бошанд бар асари бепарвоии волидон ва беназорат мондан дар об ғарқ мешаванд, садама мебинанд ва ё ба ҳалокат мерасанд.
Бо мақсади пешигирӣ аз рӯйдодҳои номатлуб Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонон ва сокинони кишвар қоидаҳои ҳузури одамон дар ҳавзҳо, кӯлҳоро ёдоварӣ мекунад:
- танҳо дар ҷойе оббозӣ кунед, ки махусус барои оббозӣ ҷудо шудааст: соҳилҳо ва ҳавзҳо;
- дар ҳоли сархӯшӣ аз машрубот ва маводи мухаддир ба об надароед;
- ба наздикии роҳи гузари қаиқҳои моторӣ ва гидросиклҳо шино накунед. Зеро дар наздикии қаиқи дар ҳоли ҳаракат об бештар мавҷ мезанад ва хатарофарин аст;
- аз ҷойе, ки вазъашро намедонед, худро ба об задан хатар дорад, дар ин ҳолатҳо шояд сари шумо ба замин, кундаи захмдор, поя бархӯрад ва ин сабабгори он шавад, ки гардани шумо бишканад, аз ҳуш равед ва фавтед;
- дар об ҳангоми оббозӣ бо ҳам бозиҳои ҳархелае аз қабили сар ба об халондан ва дигар амалҳоро анҷом надиҳед;
- кӯдаконатонро дар назди ҳавзҳои оббозӣ бе назорат нагузоред. Онҳо метавонанд ба об сарозер шаванд ва ин боиси марги онҳо гардад;
- ба нишонаҳои огоҳкунанда таваҷҷуҳ намоед ва ҷиддан тибқи онҳо амал кунед.