Аз бориши барфу лағзиши тарма ҳанӯз хатари ҳаракат дар роҳҳои муҳими кишвар бартараф нашудааст
Чоп шуд: 22/02/2017 | adminБориши бесобиқаи барф ва лағзиши тарма роҳи мошинҳоро аз Душанбе ба самти Хуҷанд то ҳол баста нигоҳ медорад.
Дар натиҷаи гузаронидани як силсила корҳо дар минтақаҳое, ки резиши санг ва лағзиши тарма муҷиби нобасомонӣ дар роҳҳо ва сабабгори қатъи ҳаракати мошинҳо шуда буд, роҳи Душанбе-Хоруғ тоза шуд ва корҳо дар самти Хоруғ-Мурғоб идома доранд.