Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин таҳкими сохторҳои мавҷудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Сафорати Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома дар бораи сохтмони Маркази миллии таълимии КҲФ баргузор шуд.
Маркази таълимӣ барои омодасозӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон, ҳайати шахсии Кумита, ҳамчунин омӯзиши роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо, идораҳо, Ҳукуматҳо ва аҳоли дар масъалаҳои алоқаманд ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳамчунин дар оянда ҷалби наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешбинӣ шудааст.
Сохтмони Марказ аз ҷониби Хазинаи Шоҳ Салмон сармоягузорӣ мешавад.
Қарор аст он аввали тирамоҳи соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.