Бориши бесобиқаи барф ва лағзиши тарма роҳи мошинҳоро аз Душанбе ба самти Хуҷанд то ҳол баста нигоҳ медорад.
Дар натиҷаи гузаронидани як силсила корҳо дар минтақаҳое, ки резиши санг ва лағзиши тарма муҷиби нобасомонӣ дар роҳҳо ва сабабгори қатъи ҳаракати мошинҳо шуда буд, роҳи Душанбе-Хоруғ тоза шуд ва корҳо дар самти Хоруғ-Мурғоб идома доранд.
Бар асари боришҳои пайдарпайи барф ва лағзиши тарма дар километрҳои 249- 251, 292, 294-299, 313-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш муваққатан баста шудааст. Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҳоло хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт техникаи махсуси барфрӯбӣ ва тозакунии роҳҳоро сафарбар кардааст. Ситоди ҳолатҳои фавқулодда мунтазам ва шабонабарӯз фаъолият дорад.
Роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар километрҳои 48, 64 ва 72 низ баста аст ва корҳои тозакунии роҳҳо ва бартарафсозии оқибатҳои лағзиши тарма идома доранд.
Шаби 18-уми феврали соли равон дар рустои Роғи Дараи Калпи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Сангвор лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Барои дақиқ кардани мизони хароб шудани хонаҳои истиқоматӣ ва эҳтимолияти талафоти ҷонӣ миёни сокинон гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба маҳалли ҳодиса сафар кард.