Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар Хатлон

Барои ташкил намудани фаъолият ва рушди низоми пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш дар обҳои кишвар дар мавсими  оббзиву шиноварӣ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо имом-хатибон ва намозгузорои масҷидҳои ҷомеи шаҳри Бохтар мулоқот карданд.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар Хоруғ

Тобистон фаслест, ки бар асари гармо одамон мекӯшанд худро дар соҳили обҳо расонанд, то дурӣ аз ҳавои гарм истироҳат кунанд. Дар ин фасл наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ серкор мешаванд. Онҳо алош мекунанд миёни мардум бошанд, даст ба корҳои таблиғотӣ зананд, то садди роҳи фалокатҳои ногаҳонӣ дар обҳо шаванд.

Сел дар Хатлон. Талафоти ҷонӣ нест

20 июни соли  2024  соати 11:49 дақиқа дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрви деҳаҳои Ориёндеҳ ва Хоҷағалтони ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сел омад. Дар натиҷа 12 қитъаи наздиҳавлигии сокинони деҳаи Ориёндеҳ аз лойоба пур шуд.

Ҳамчунин дар километри 216 роҳи мошингарди Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз-Ванҷ, ки аз рустои Ҳоҷиғалтони ҷамоати Шӯрообод мегузарад, тӯдаи сангу регу лой ҳаракати мошинҳоро номумкин кард.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани селҳо дар навоҳи тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 20-21 июни соли 2024 ба сабаби болоравии дамо ва об шудани барфҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

Имдодгарон ҷасади навраси ғарқшударо аз об берун оварданд

18 июни соли 2024 соати 17:40 дақиқа ба қисми навбатдории Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ дар шаҳри Норак хабар доданд, ки дар кӯли Комсомоли шаҳри Нораки вилояти Хатлон як наврас ғарқ шуд.

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд. Маълум шуд, ки шахси ғарқшуда як сокини 16-солаи деҳаи ба номи Исмат

Страницы