Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар Хоруғ

Тобистон фаслест, ки бар асари гармо одамон мекӯшанд худро дар соҳили обҳо расонанд, то дурӣ аз ҳавои гарм истироҳат кунанд. Дар ин фасл наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ серкор мешаванд. Онҳо алош мекунанд миёни мардум бошанд, даст ба корҳои таблиғотӣ зананд, то садди роҳи фалокатҳои ногаҳонӣ дар обҳо шаванд.

Чунончӣ, ин корро рӯзе қабл кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар парки “Чорбоғ”-и шаҳри Хоруғ анҷом доданд. Онҳо бо истироҳаткунандагон мулоқот кардаву бо онҳо дар мавзӯи бехатарӣ дар обҳо, риояи қоидаҳои шиновариву оббозӣ, ҷойҳои мамнуъ, назорати кӯдакону наврасон ва ғайра ҳамсуҳбат шуданд. 

Бахусус, ба сокинон дар бораи афзоиши омори ҳодисаҳои нохуш гуфтугӯ карданд ва иброз доштанд, ки шумори ҳалокшудагон дар обҳои кишвар дар миёни ноболиғон хеле зиёд шудааст ва як сабаби он беназоратии волидайн аст.

Дар мулоқот бо мардум кормандони КҲФ ҳамчунин дар бораи истифодаи замимаи мобилии “SOS”-и КҲФ суҳбат карданд ва шеваҳои истифода аз онро омӯзонданд.

барчасп: